Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров

17.08.2016 17:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуд.

Дар гуфтугӯи телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоир ва драманависи номдори мамлакатро ба ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда муаллифи асарҳои зиёди назму насрӣ ва драматургӣ мебошад. Эҷодиёти Темур Зулфиқоров маротибаҳои зиёд дар театрҳои бузурги ҷаҳон ба саҳна гузошта шуда бо 12 забони дунё тарҷума шудаанд. Номбурда муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеию ҳуҷҷатӣ мебошад, ки сазовори ҷоизаҳои фестивалҳои миллӣ ва байналмилалии синамо гардидаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520