Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров

17.08.2016 17:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Темур Қосимовичи азиз,

Шуморо ба муносибати 80-солагии рӯзи таваллудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои эҷодиро таманно менамоям.

Шумо дар ҳақиқат яке аз адибони шинохтаи кишвари маҳбубамон мебошед, ки дар тайи умри бобаракататон ба халқ софдилона хидмат карда, дар тарбияи маънавии миллионҳо нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҳиссаи сазовор гузоштаед. Асарҳои офаридаи шумо ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума шуда, номи тоҷиконро шуҳратёр намудааст.

Бештари кишварҳои пасошӯравӣ бо асарҳои пурмазмуну пуробуранги шумо, ки пур аз ҳикматҳои пурғановат ва ривояту қиссаҳои дилнишини халқамон мебошанд, шинос буда, бо як ҷаҳон умеду таассурот онҳоро мутолиа менамоянд ва ҳозир ҳам аз асарҳои шумо дурри маънӣ ҷуста, бо шавқу завқи зиёд онҳоро мехонанд.

Махсусан асарҳои шумо «Достони марги Амир Темур», «Хоҷа Насриддин», «Хоҷа Зулфиқори Девона», «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир», Афъимори марҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест» ва ғайраҳо асарҳои саргузаштию ривоятӣ буда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, дӯстдорони зиёд доранд.

 Мардуми тоҷик низ бо завқи баланд асарҳои шуморо мутолиа карда, тавассути онҳо ба ҷаҳони рангини қаҳрамонони шумо шиносоӣ пайдо намуда, бо офаридаҳоятон ифтихор менамояд.

Бори дигар дар ин рӯзи муборак шуморо аз таҳти дил табрик гуфта, бароятон парвози баланди эҷодӣ ва саломатӣ орзу дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520