Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманд ба номи Аминҷон" дар шаҳри Қӯрғонтеппа

25.08.2016 10:11, шаҳри Бохтар

Бо буридани лентаи рамзӣ имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таълимии "Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманди ба номи Аминҷон" - и шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз бахшиданд.

Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Амонулло Саъдуллоев сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосири илмомӯзист.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки гимназияи мазкур имконият дорад дар як баст 640 нафарро ба омӯзиш фаро гирад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои таълимӣ, синфхонаҳои фаннӣ ва толору маҷлисгоҳҳои муассиса дидан намуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.

Тавре маълум гашт, Муассисаи хусусӣ аз 24 синфхона иборат буда, дар он 2 утоқ барои омӯзиши компютер, 1 утоқ барои омӯзиши фанни физика, 1 утоқ барои омӯзиши фанни химия ва 1 адади дигар барои омӯзиши фанҳои биологияву технология пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин муассиса бо назардошти талаботи феълии меъмориву шаҳрсозӣ ба анҷом расида, хонандагон имконият доранд, ки бо истифода аз шароити муосири илмомӯзӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба омӯзиш машғул шаванд.

Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 5 гектар замин сохта шудааст. Муассиса ҳамчунин дорои толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои футболу волейбол, баскетбол ва майдончаи сафороӣ барои дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ буда, дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар муосиртарин шароит доир карда мешаванд. Маҷлисгоҳи гимназияи мазкур бошад барои 126 нафар пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва омӯзгорони гимназияро ба роҳандозии усулҳои муосири таълимӣ ва тарбияи дурусти насли наврас ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520