Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Хатлон

25.08.2016 10:54, шаҳри Бохтар

Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар вазъияти тантанавӣ бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бинои 3 ошёна бо шароити кори кормандон аз наздик шинос шуданд.

Шуъбаи мазкур аз 36 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо сифати  хуби меъморӣ бунёд шудааст.

Дар ин ҷо акнун 50 нафар корманд бо истифода аз шароити муосир бар нафъи давлату миллат фаъолият хоҳанд кард.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сари Хосор ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрсоз мебошад.

Маблағи умумии сохтмони бино, ки аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо гардидааст, 2 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кор дар бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин иншооти замонавиро ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят кард.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст. 

Бунёди Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар кишвар равона гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520