Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа

25.08.2016 11:56, шаҳри Бохтар

Пас аз ифтитоҳи бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- масҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд гардида, қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол, валейбол, баскетбол, теннис, толорҳои машқи бадан ва қасри намудҳои варзиши обӣ  ташкил медиҳанд.

Тавре зикр гардид, калонтарин майдони футболи ин маҷмаа барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва аз ҷиҳати тарҳи меъморӣ дар кишварҳои минтақа назир надорад.

Зимни муаррифии лоиҳаи Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо ҳамзамон як кӯли сунъӣ сохта мешавад ва ҷиҳати таъмини истироҳати сокинон дар майдони 12 гектари дигар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ дар ин иншооти азими варзишию фароғатии муосир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар солҳои наздик бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520