Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

26.08.2016 09:38, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Муҳтарам омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Илму дониш ва сарвати зеҳнӣ дар ҳамаи давру замонҳо нерӯи асосии рушди ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, дар ҷаҳони муосир сатҳи илму дониши аҳолӣ яке аз ченакҳои асосиву муайянкунандаи қудрату тавоноии халқу миллатҳо мебошад.

Зеро баробари устувор гардидани мавқеи илму дониш ҷомеа ҳамаҷониба рушд намуда, рӯзгори мардум ободу пешрафта мегардад ва назму низом дар ҷомеа таҳкиму тақвият ёфта, пешрафти давлат таъмин мегардад.   

Бузургони илму адаби мо ҳанӯз ҳамеша ҳақиқати бебаҳсро тарғиб кардаанд, ки барои бунёди ҷомеаи воқеан фарҳангиву пешрафта рӯй ба мактабу маориф овардан зарур мебошад.

Ҳукумати мамлакат баробари ба даст овардани истиқлолият бо дарназардошти аҳаммияти бузурги масъалаи мазкур, фароҳам овардани шароити мусоидро барои наврасону ҷавонон дар роҳи азхудкунии донишу маърифат дар маркази сиёсати иҷтимоии худ қарор дод.

Сохта, ба истифода додани мактабҳои нави замонавӣ яке аз тадбирҳои асосии дар ин самт андешидашуда мебошад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ теъдоди онҳо дар кишвар қариб дуюним ҳазорро ташкил медиҳад.      

Аз ҷумла ҳар сол дар остонаи соли нави таҳсил, ки ба рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллиамон - истиқлолияти давлатӣ рост меояд, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ соҳиби мактабҳои наву замонавӣ мегарданд.

Имрӯз дар остонаи фарорасии соли нави хониш хонандагони деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ соҳиби мактаби нав гардиданд, ки мову шумо чанд лаҳза пеш шоҳиди ба истифода супоридани он шудем.

 Вобаста ба ин рӯйдоди хотирмон ҳамаи шумо, омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияро ба муносибати ҷашни фархундаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрии кишвари азизамон ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ самимона табрик мегӯям.

Муассисаи таълимии имрӯза барои 640 ҷойи нишаст бо сарфи беш аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, тӯҳфаи идонаи Ҳукумати мамлакат ба устодону шогирдони ин даргоҳи илму маърифат дар остонаи ҷашни камолоти давлати соҳибистиқлоламон ва соли нави хониш мебошад. 

Мактаби навбунёд дар деҳоти Навобод дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ чордаҳумин муассисаи таълимие мебошад, ки бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба таҳсил фаро гирифтааст.

Яъне то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия барои 5500 ҷойи нишаст мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда шудаанд.  

Бояд гуфт, ки шогирдони мактабҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон дар самти азхудкунии донишу малака мавқеи сазоворро ишғол мекунанд.

Яке аз омилҳои расидан ба чунин натиҷа таваҷҷуҳи аҳли маорифу ҷомеа ва падару модарон ба масъалаи таълиму тарбия мебошад. 

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳдошти минбаъдаи инфрасохтори соҳаи маориф ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад.                 

Ҳамин аст, ки аз соли 2011 инҷониб маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия се баробар зиёд гардида, танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 44 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.                

Ҳамдиёрони азиз!

Мактаб махзани илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад буда, зиндагии инсон ва амалишавии нақшаву ниятҳои ояндаи ӯ ба донише, ки дар даврони наврасӣ аз худ мекунад, вобастагии амиқ дорад.

Ва ин даргоҳи маърифат бояд аз уҳдаи рисолати асосии худ, яъне ба камол расонидани шахсият ва инсони ҳамаҷониба рушдёфта баромада тавонад.

Маҳз ба ҳамин хотир мактабро макони муқаддас меноманд ва падару модарон бо умед фарзанди худро ба ихтиёри мактабу омӯзгор месупоранд, ки босаводу хушахлоқ ба камол расида, дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо намояд.

Мактаб дар баробари манбаи азхудкунии дониш ва обутоби ҷисмонӣ буданаш, заминаи асосии омӯзиши хулқу атвори нек аст, ки хонанда ин боигарии маънавиро дар баробари волидайни худ аз устодонаш мегирад.

Маҳз бо ҳамин мақсад мо нақши омӯзгорро дар ташаккули инсони бофазлу маърифат асосӣ арзёбӣ мекунем ва ба нақши ӯ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳем. 

Муҳити тарбиявии мактаб бояд тарзе ташаккул дода шавад, ки барои азхуд кардани сифатҳои неки инсонӣ, аз ҷумла тозагии гуфтор, дурустии  рафтор, муомилаи хуш, тарзи либоспӯшӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонӣ мусоидат карда тавонад.    

Дар баробари ин, ҳар як фарди ҷомеа ва дар навбати аввал, падару модарон бояд хуб дарк намоянд, ки асоси ободии ҷомеа ва омили муҳимтарини бунёди давлати пешрафта тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор аст.

Тарбия ва ба камол расонидани чунин инсон берун аз оилаи солим муяссар нахоҳад шуд.  

Мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маҳз бо ҳамин сабаб қабул кардем, то ин ки волидайн вазифаи инсонӣ ва рисолати қонунии худро дар назди фарзандон дар самти таълиму тарбияи онҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд.

Дар осори илмӣ ва фарҳанги динии мо низ дар боби вазифаҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид шудааст, ки ба фарзандон илму дониш биёмӯзед, зеро талаби илму дониш бар банда фарз ва дар назди Худованд ибодат буда, омӯзонидани илму дониш садақа аст.  

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки барои боз кардани асрори илм ва ошноӣ бо навгониҳои илму технологияҳои муосир фарзандони мо бояд беш аз ҳарвақта мутолиа кунанд, забони давлатиро хуб донанд ва забонҳои хориҷиро азхуд намоянд, ки дар оянда ҳамчун шахси барои ҷомеа зарурӣ ва соҳиби касбу ҳунари замонавӣ ба воя расанд.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҳоло дар мамлакатамон тамоми шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарини кишварамон мактабҳои ободи замонавӣ, китобхонаҳо, марказҳои таълимӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ бунёд шудаанд.

Ҷавонону наврасони мо бояд хуб дарк намоянд, ки айёми ҷавонӣ зуд мегузарад.

Аз ин рӯ, имкониятҳои давраи тиллоии ҳаётро босамар ва мақсаднок истифода намоянд.

 Дар хотир дошта бошед, ки маҳз аз надоштани дониши кофӣ ва огоҳии комил аз арзишу манфиатҳои миллӣ, инчунин бо сабаби дарк карда натавонистани воқеиятҳои ҷаҳони муосир ҷавонони мо ба осонӣ туъмаи муборизаҳои мафкуравии доираҳои ғаразнок шуда истодаанд.

Мувофиқи таҳлилҳо қариб 80 фоизи гумроҳшудагон, яъне онҳоеро, ки аз кишвари мо ба созмонҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд,  ҷавонони аз 18 то 25 - сола ташкил медиҳанд.

Ҳарчанд ки қисми зиёди онҳо дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, вале донишу саводи кофӣ надоранд.

Ҳозирини арҷманд!

Илму дониш воқеан пешвои амал буда, фарди соҳибилму бомаърифат шахси саодатманд аст.

Зеро инсон танҳо бо азхудкунии илму дониш дилашро аз ҷаҳолат озод менамояд ва ба мартабаву мақоми баланд  мерасад.

Дар навбати худ дониш тавоноии шахс ва дар маҷмӯъ, қудрати миллат аст.

Ин маънии баландро ҳанӯз ҳазор сол қабл Ҳаким Фирдавсӣ ба шакли бисёр зебо гуфта буд, ки «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад».

Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ мардуми мо ҳамчун миллати қадимаи фарҳангӣ, соҳибкитоб ва соҳибтамаддун эътироф шуда, мақоми табақаи донишманд, соҳиби дафтару девон, омӯзгор ва мураббии маънавиро доштаанд.

Маҳз бо ҳамин боигарии фарҳангӣ мардуми сарбаланди мо дар масири таърих нерӯи маънавӣ ва имкониятҳои илмиву фарҳангии худро ҳаргиз аз даст надода, ба ин восита ҳифзу наҷоти худро аз ҳама гуна хатарҳо таъмин намудаанд. 

Шумо, наврасону ҷавонони имрӯза фаромӯш насозед, ки вориси чунин фарҳангу тамаддуни қадима будан боиси ифтихор мебошад.

Ман ба нерӯву хирад ва ақлу заковати мардуми фарҳангсолори тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони саодатманди мамлакат ҳамеша бовар дорам ва итминон дорам, ки фарзандони мо ба қадри ғамхориву заҳматҳои Ҳукумати мамлакат, роҳнамоии падару модар ва тарбияи неки омӯзгорони худ мерасанд ва кишвари сулҳпарвару соҳибтамаддуни худро дар арсаи ҷаҳон бо дастоварду муваффақиятҳои нав муаррифӣ мекунанд. 

Махсусан, шогирдони мактаби ифтитоҳшуда дар соли камолоти давлати соҳибистиқлоламон вазифадоранд, ки ҳарчи бештар илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд ва дар оянда саҳми арзандаи худро дар ободии Ватан гузошта, номбардори миллату давлати худ гарданд.

Дар интиҳо бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони меҳмоннавози ноҳияро, ки бо номи мутафаккири бузурги олами илму ирфон, фарзанди барҷастаи халқи тоҷик - Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ шудааст, ба муносибати ҷашни бузургу фархундаи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи боргоҳи нави илму маърифат табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор ва барори кор мехоҳам.

Доимо сарбаланду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520