Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози ҷамъоварии пахта дар Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков

26.08.2016 11:01, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Тавре маълум  гардид, хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор рафта, бисёрсоҳа мебошад. Аҳли меҳнат ба пахтакорӣ, шолипарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла кишти полезӣ, лаблабу, карам, қаланфур ва кишти маккаи дон машғуланд. Заминҳои хоҷагӣ 1 ҳазору 574 гектарро ташкил дода, дар майдони 1 ҳазору 21 гектар навъҳои беҳтарини пахтаи “Хатлон-2014” ва “Тоҷикистон” парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур 2010 саҳмдор фаъолият дорад.

Сармоягузори хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков Ширкати Исмоили Сомонӣ мебошад ва

ҳосили пахтаи хоҷагӣ тибқи шартнома дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Сироҷиддин Исоев коркард мешавад.  

Аҳли меҳнати хоҷагӣ нақша доранд, имсол беш аз 2 ҳазору 600 тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар 25 сентнерӣ рост меояд.

Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520