5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алмаато дар мулоқоти Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ иштирок кард.
Дар ҷараёни сафар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор гардид.
Сарони ҳарду давлат дар вазъияти дӯстонаю самимона масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар давраи ҳозира ва проблемаҳои минтақавию байналхалқии мавриди назарашонро арзёбӣ намуданд. Сарони давлатҳо натиҷаҳои фаъолияти созмони мазкур, нақшаҳои вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ ва масъалаҳои дигарро муҳокима карда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини сиёсати байналхалқӣ табодули назар намуданд.
Дар саммит масъалаҳои вобаста ба баъзе ҳуҷҷатҳои муҳим , аз ҷумла изҳороти муштарак, қарор дар бораи тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатҳои узви созмон дар мубориза ба муқобили терроризм, моҷароҷӯӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор низ баррасӣ шуданд.
Дар нишасти Алмаато ба мавзӯоти дар минтақа бунёд намудани фазои воҳиди гуманитарӣ ва фарҳангию иттилоотӣ ва дар қаламрави мамлакатҳои узви созмон намоиш додани барномаҳои телевизионии мамлакатҳои минтақа диққати калон дода шуд.
Сарони давлатҳои аъзо ба созмонҳои молиявии байналмилалӣ муроҷиат карданд, ки дар мавриди таҳияи лоиҳаи барномаҳои нақшаҳои бисёрҷониба бахшида ба ташкили консорсиумҳои обу энергетика, нақлиёту алоқа ва озуқа кӯмак расонанд.