1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом дод.
Мақсади сафар аз шиносоӣ бо рафти иҷрои фармону супоришҳои қаблан додашуда ва иштирок дар семинари умумиҷумҳуриявии картошкапарварон иборат буд.
Сарвари давлат қабл аз ҳама дар ноҳияи Тоҷикобод бо коллективи омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникии рақами 39 вохӯрда, бо фаъолияти он шинос гардид. Дар рафти вохӯрӣ Президенти мамлакат роҳбарияти ноҳияро вазифадор кард, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин биноҳои боқимондаи омӯзишгоҳро сохта ба истифода диҳанд.
Сипас, Эмомалӣ Раҳмонов дар майдони марказии ноҳия бо мардуми минтақа вохӯрӣ намуда, онҳоро бо барномаҳои мухталифи ҳукумат, ки ба беҳбуди ҳаёти иҷтимоию сиёсии ин минтақаи кишвар равона шудааст, шинос кард.
Эмомалӣ Раҳмонов зимни сафар дар маросими кушодашавии филиали "Тоҷиктелеком", бинои мактаби нави рақами 19-и деҳаи Нушори Боло иштирок карда, бо деҳқонони хоҷагии тухми картошкапарварии "Ҳаёти нав" вохӯрд.
Бегоҳии 1 август дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҷаласаи ҳисоботии навоҳии минтақаи Рашт баргузор гардид, ки дар он раисони панҷ ноҳия роҷеъ ба корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои оянда дар назди Сарвари давлат ҳисобот доданд.