Рӯзи дуюм дар маркази ноҳияи Тоҷикобод семинари умумиҷумҳуриявии картошкапарварон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони ноҳияи картошкапарвар, ташкилотҳои байналмилалию ғайридавлатӣ ва олимону мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Дар хотима Эмомалӣ Раҳмонов машваратро ҷамъбаст намуда, олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор кард, ки навъҳои наву серҳосили картошкаро парвариш карда, майдони кишти онро васеъ кунанд.