Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз боғи интенсивии “Пайванд-Рашт”

27.09.2016 12:20, ноҳияи Рашт

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” баҳори соли 2016 дар масоҳати 6 гектар аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бунёд гардидааст. Дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбад, ки ба содирот нигаронида шудааст. Дар 58 қатори боғ 7474 бех ниҳол парвариш ёфта истодааст, ки аз ин 7000 бех нок ва 474 бехаш себи навъи голден-делишес мебошад. Баъди бунёди боғи мазкур дар ин ҷо 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Аз вазъи боғ ва нашъунамои хуби ниҳолҳо аён мегардад, ки аз тарафи мутахассисон агротехникаи парваришро хуб ба роҳ мондаанд. 

Дар  боғи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон суҳбати самимӣ доир карданд. Пешвои миллат ба боғдорон оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои хуштамъи Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди боғу токпарварӣ андешаронӣ карда, маслиҳатҳои муфид доданд.

Супориш дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ, ки байни ноҳияи Нуробод ва Рашт ҷойгир аст, оянда дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд ва ҷиҳати хубу бегазанд нигоҳ доштани ҳосили боғ барои 5 ҳазор тонна сардхона бунёд намоянд.  

Ташкили боғҳои нав агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун  ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520