Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб

08.05.2010 17:00, шаҳри Кӯлоб

Рўзҳои 7-8 –уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоии бевосита бо рафти  бартарафсозии оқибатҳои  офатҳои  табиӣ ба шаҳру ноҳияҳои  минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар кард.

 Зимни сафари корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеҳои зарардидаи шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои  Мўъминободу Восеъ дидан карда, бо мардум аз наздик сўҳбат намуд.

 Маълум шуд, ки  дар натиҷаи боришоти шадиди чанд рўзи охир ва омадани сел танҳо дар шаҳри Кўлоб 7 нафар ҳалок ва 40 нафари дигар бедарак шудаанд.

 Хонаҳои якуним ҳазор оила  зиёни ҷиддӣ дида, 2,5 ҳазор гектар заминҳои кишт, 150 км роҳҳои мошингард ва 12 пул пурра хароб гаштаанд.

 Дар ноҳияи Восеъ  28 хона ва 2 пул  пурра вайрон шуда,  303 хонаи дигар зарари ҷиддӣ дидаанд ва  1100 гектар замини кишт зери обу лой мондааст.

 Дар ноҳияи Мўъминобод  278 хона зарар дидааст, ки аз он 30 хона пурра ва 20 тои дигар  қисман корношоям гаштаанд, 9 пул пурра вайрон шуда, 100 км роҳҳои мошингард зарар дидаанд.

 Дар ноҳияи Шўрообод дар натиҷаи  омадани сел 6 нафар талаф ёфтаанд. Зимни  мулоқоту сўҳбатҳо бо мардуми зарардида Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба аҳли оила ва наздикони шахсони ҳалокшуда  изҳори  тасаллияту ҳамдардӣ карда, аз аҳолӣ даъват намуд, ки рўҳафтода набошанд ва онҳоро бовар кунонд, ки то моҳи ноябри соли равон  тамоми хонаҳои вайроншуда пурра барқарор карда мешаванд.

Бегоҳии рўз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию вилоятӣ ҷамъомади корӣ доир намуда, дар назди онҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

 Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар кўтоҳтарин муддат  дар ҷойҳои бехавф баҳри  бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин барои оилаҳои бесарпаноҳмонда   замин ҷудо карда шавад ва сохтмони манзилҳои нав  оғоз ёбанд. Таъкид гардид, ки тамоми оилаҳое, ки хонаҳояшон  вайрон шудааст, бояд то  6 ноябри соли равон  соҳиби хонаҳои нав бо тамоми  ашёи рўзгор шаванд.

 Ба Вазорату идораҳои дахлдор  ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастур дода шуд, ки  барои  ҳарчӣ зудтар  барқарор намудани  роҳу пулҳо,  каналҳо,  сарбандҳои рахнашуда,  дигар  иншооти ифрасохторӣ ва  ба маҷрои доимии худ баргардондани оби дарёҳои Сурхоб, Ёхсу ва Тебалай тамоми  қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо  сафарбар намоянд.

 Таъкид гардид, ки барои ба муддатҳои дароз мустаҳкам намудани  соҳилҳои  дарёҳои номбурда бо ҷалби  мутахассисону олимони  варзидаи соҳа  лоиҳаҳои  аз ҷиҳати илмию техникӣ ва молиявӣ асоснокшуда таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

 Субҳи рўзи 8-уми май Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боздиди худро аз мавзеъҳои зарардидаи  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон  идома дода, дар мавзеи пули Тангатобтеи болои  дарёи  Ёхсу, ки роҳи миёни шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Ховалинг аз болои он мегузарад, ба масъулини соҳа баҳри  ҳарчи зудтар барқарор намудани он  супоришҳои мушаххас дод. Онҳо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки баҳри барқарор намудани каналҳо ва қубурҳои обгузар чораҳои фаврӣ андешида, деҳоти атрофро бо оби нўшокию зироаткорӣ таъмин намоянд.

 Хотиррасон бояд намуд, ки барои омўзиши дақиқ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ комиссияи махсуси давлатӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон таъсис ёфтааст.

 Рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Комиссияи махсуси давлатӣ вазифадор шудааст, ки ҳар ҳафта ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъда ҳисобот пешниҳод намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520