Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон

06.10.2016 09:39, шаҳри Кӯлоб

Аз 3 то 6 - уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон қарор доштанд.

Зимни ин сафари бобарор, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъиноти гуногуни маъмурӣ, маишӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ карда, барои бунёди иншооти дигар санги асос гузоштанд. Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳру ноҳияҳо бо сокинон суҳбату мулоқотҳои самимӣ доир намуда, дар тантанаи идона ва барномаи фарҳангӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Пас аз анҷоми сафари бобарору созандаи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъ субҳи рӯзи 6 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳнатқарин ва меҳмондӯсти шаҳр бо самимияти хоса ва шукуҳу шаҳомат меҳмони олимақомро гусел намуданд.

Ба ин хотир аҳли фарҳанг барномаи рангини консертиро таҳия ва пешкаш карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520