Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа

30.11.2016 23:05

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ,

Хабари суқути  ҳавопаймои мусофирбар, ки бар асари он даҳҳо шаҳрванд ҷони худро аз даст доданд, боиси андуҳи мо гардид.

Ба мардуми дусти Бразилия изҳори тасаллият намуда, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон бирасонед.

Ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520