Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн

30.11.2016 23:09

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд сидқан табрику таҳният мегӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст комёбӣ орзу менамоям.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳоямон минбаъд низ бо талошҳои пайгиронаи муштарак густариш хоҳанд ёфт».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520