Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

05.12.2016 16:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.   

Роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби воломақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди гуфтугӯ қарор дода, дурнамои рушди онҳоро дар рӯҳияи анъанаҳои  созандаи мероси таърихии муносибатҳои чандинасраи неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ намуданд. 

Сӯҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520