Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

12.12.2016 08:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ,

Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷеабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истамбул тассалияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол медорам.

Мо ин амали интиҳории ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро ба ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем.

Бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли наздикони фавтидагон, орзуманди шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520