Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси хотимавии сеюми Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза

01.09.2003 14:00, шаҳри Душанбе

1 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Кохи Борбад маҷлиси хотимавии сеюми Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмонов ба иштирокчиёни Форум барои иштироки фаъолонаашон дар ин ҷамъомади муҳим миннатдорӣ баён карда, бори дигар аҳамияти калони проблемаҳои дар маҷлисҳои алоҳидаи он муҳокимашударо таъкид намуд.

Намояндаи Бонки Рушди Осиё Касудҷи Матсунами, директори Пажӯҳишгоҳи илмии экологияи инсон ва гигиенаи муҳити зисти Федератсияи Русия, академики Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия Юрий Рахманин, роҳбари намояндагии минтақавии Пажӯҳишгоҳи байналхалқии идораю истифодаи об барои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Маҳмуд- ул-Ҳасан, муовини раиси Созмони "Алкон" Йорг Гербер, менеҷери муассисаи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Елена Ерказович ва дигарон дар бораи натиҷаи ин маҷлисҳо ҳисобот доданд.

Эмомалӣ Раҳмонов ба иштирокчиёни Форум пешниҳод кард, ки матни муроҷиатномаи Форумро дастгирӣ намоянд. Матни муроҷиатномаи Форум якдилона қабул карда шуд.

Дар маҷлис роҳбарон ва намояндагони ҳайатҳои Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо Ив Баргейн, Клаудио Гутиеррес (Аргентина), Сергей Костин (Федератсияи Русия), Абдуҷалол (Яман), Алаби Оломода (Нигерия), Муҳаммадалӣ (Индонезия), Маргарет Кетли Карлсон (Канада) нутқи хотимавӣ намуданд.

Ёвари мудири Муассисаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Зефрин Диабре изҳороти хотимавии ҳайати СММ-ро қироат кард.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов натиҷаҳои Форумро ҷамъбаст карда, дар назди иштирокчиён бо нутқи хотимавӣ баромад намуд.

 Эмомалӣ Раҳмонов дар баромади худ зикр намуд, ки дар Форум қариб 500 нафар вакил аз 53 кишвари ҷаҳон ва тақрибан 100 созмони байналмилалӣ ширкат намуданд. Зимнан, ҳар иштирокчии дуюми Форум аз минбари он суханронӣ кард. Боиси хушнудист, ки дар чоҳорчӯбаи Форум 18 чорабинии махсус баргузор гардид ва проблемаҳои марбут ба об дар миёни ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон ва коршиносони шинохта мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд...

Маҳз дар ҳамин чорабиниҳо иштирокчиёни Форум ба таври мушаххас комёбиҳо ва мушкилотро дар роҳи амалӣ гардонидани ҳадафҳои муштарак дар соҳаи об ба таври мушаххас таҳлил намуданд.

 Бидуни шубҳа, комёбиҳои ба даст омада мавриди омӯзиши ашхоси хоҳишманд қарор мегиранд, ҳамзамон проблемаҳои миллию минтақавӣ тавассути муколамаи торафт вусъатгиранда ҳалли худро меёбанд...

 ...Рӯзҳои охир таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори ҷаҳон ба кори Форуми мо равона гардида буд. Беш аз 250 нафар рӯзноманигорон барномаи пурмӯҳтавои Форум, алахусус мавзӯъҳои асосии он - об, муҳити зист, бехатариро дар гузориш ва мақолаҳои худ ба таври васеъ инъикос намуданд...

...Бешубҳа, ба натиҷаҳои Форуми мо, ки дар шакли мӯҷаз дар Муроҷиатномаи қабулшуда инъикос ёфтаанд, на як бору ду бор ҳукуматҳо, олимон ва коршиносон рӯ хоҳанд овард...

 - Мо обро ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ қадр мекунем. Ман шодам, ки Форуми якуми байналмилалии об дар шаҳри Душанбе дар ҳамин рӯҳия сурат гирифт."

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520