Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири мудофиаи Фаронса Ален Ришар

02.01.2002 14:00, шаҳри Душанбе

2 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Фаронса Ален Ришарро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот оид ба мавзӯъҳои рӯзмарраи ҳамкории Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои байналамилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкори пурмӯҳтаво доир гардид.

Мусоҳибон ба баррасии масъалаҳое, ки барои минтақа дар марҳилаи кунунӣ аҳамияти махсус доранд, диққати калон доданд. Ҳангоми сӯҳбат масъалаҳои вобаста ба вазъияти Афғонистон ва барқарорсозии баъдиҷангии он мақоми асосӣ гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520