5 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ба ин минтақа сафар кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздиди кории худро аз минтақаи сохтмони канали Лойқасойи ноҳияи Хоҷамастон, ки бояд хоҷагиҳои ноҳияҳои Ғозималик ва Хоҷамастонро бо об таъмин намояд, шурӯъ намуд.
Канали Лойқасой дар фосилаи 4,3 километр тӯл кашида, имкон медиҳад, ки дар як сония 20 метри мукааб об интиқол дода шавад.