15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хангоми сафари корӣ ба вилояти Суғд аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо кишоварзони хоҷагии ба номи Абдуғаффор Самадов аз аҳамияти зарурати васеъгардонии майдони пахта ёдрас шуда, мужда расонид, ки андоз аз фурӯши ин ашёи хом аз 25 ба 10 фоиз кам гардида, ояндаи наздик Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ин навъи андоз озод кардани пахтакоронро ба нақша гирифтааст.
Дар хоҷагии ба номи А.Самадов бештар аз 20 боғчаи бачагонаи доимию мавсимӣ амал мекунад, ки дар онҳо аз ҳисоби даромади хоҷагӣ шароити хуби таълиму тарбияи насли наврас фароҳам оварда шудааст.