30 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Ҷонибҳо оид ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва доираи васеи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муколамаи пурмӯҳтаво доштанд.
Баъд аз ин музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳайати васеъ доир гардид.
Тарафҳо зарурати рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳамаи соҳаҳо бо истифодаи тамоми имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда таъкид карданд. Қайд карда шуд, ки санадҳои натиҷавии сафари мазкур барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мусоидат мекунанд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ ҷонибҳо таъкид карданд, ки сулҳи устувор ва пешрафти иқтисодӣ дар Афғонистони ҳамсоя ба манфиатҳои онҳо ҷавобгӯ мебошад.