3 июн дар ҳошияи Саммити аввали давлатҳои узви Машварат оид ба ҳамгироӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Котиби генералии СММ Данила Турк мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни сӯҳбат бо муовини Котиби генералии СММ тарафҳо ба вазъи Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ диққати калон доданд.