17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Фаррух Балро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот мусоҳибон дурнамои ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин як қатор масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Бо назардошти он, ки дар айни замон Туркия фармондеҳии қувваҳои эътилофи зиддитеррористиро дар Афғонистон бар дӯши худ гирифт, Сарвари давлати Тоҷикистон ва вазири Туркия оид ба баъзе ҷиҳатҳои ҳалли ниҳоии қазияи Афғонистон мубодилаи афкор карданд.