13 июл дар Конфренсияи дуввуми Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки аз рӯзи таъсиси ҳаракат панҷ сол гузашт.
Таъсиси он ба талаботи замон вобаста буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки то имрӯз ба ин созмони ҷамъиятӣ тамоми қувваҳои солими ҷомеа шомил гаштаанд, ки нисбат ба тақдири ватани умумии мо - Тоҷикистон бепарво буда наметавонанд.
"Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тӯли солҳои фаъолияташ дар бунёди давлати демократӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва созгории ҷомеа саҳми калон гузошт,"- гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш.
Дар конфронс ҳамчунин аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конрмандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумхурӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.