26 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон, Сарвари дафтари СММ оид ба мусоидат ба истиқрори сулҳ Иво Петровро ба муносибати анҷоми вазифаи хизматиаш ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои инкишофи минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СММ, роҳҳо ва василаҳои рушду густариши он, ҳамчунин вазъи минтақа ва Афғонистон мубодилаи афкор карданд.