Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани маблағ ба ҳукуматҳои ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

29.07.2002 15:00

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз як амри башардӯстонаро ба имзо расонд, ки мутобиқи он ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди эҳтиётии Сарвари давлат ба ҳукумати ноҳияи Айнии вилояти Суғд 308 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои сохтмони 6 бинои нотамом 108 ҳазор сомонӣ ва барои сохтмони мактаб 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Ҳамзамон ҳукумати ноҳияи Айнӣ вазифадор гардид, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти марбута манзур намояд.

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин боз як амри башардӯстонаро ба имзо расонд, ки мутобиқи он ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди эҳтиётии Сарвари давлат ба ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Ҳамзамон ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор гардид, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти марбута манзур намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520