Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ"

30.08.2002 14:00, шаҳри Душанбе

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ" имзо намуд.

Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ бо мақсади такмили фаъолияти хизмати давлатӣ, беҳтар гардондани тайёрӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда, ҳавасмандгардонии баландшавии дараҷаи касбӣ ва беҳдошти сифат ва самаранокии кор гузаронида мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520