4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлатии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Довуд Панҷшериро қабул намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, раванди сулҳ дар Афғонистон ва вазъи минтақаро муҳокима карданд. Мусоҳибон изҳор намуданд, ки ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон ояндаи нек дорад.