Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Анҷумани панҷуми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ

07.09.2002 11:00, шаҳри Душанбе

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани панҷуми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ иштирок намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи анҷуман дар арафаи иди Истиқлоли ҷумҳурӣ баргузор гардидани онро рамзӣ шуморид. "Ҳадафи асосии Анҷуман,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон,- ба ҳамдигар бештар наздик сохтани ҳамаи тоҷикон ва форсизабонони саросари ҷаҳон мебошад".

"Хурсандиовар аст, ки Анҷумани панҷуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шароити сулҳу осоиш, худшиносии миллӣ ва рӯҳияи бунёдкорӣ дар сарзамини тоҷикон баргузор мегардад", - зикр кард зимни суханрониаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520