Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои давлатҳои ИДМ

07.10.2002 14:00, Молдова

Субҳи 7 октябр дар шаҳри Кишинёв ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои давлатҳои ИДМ оғоз гардид.

Баъд аз он ҷаласа дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Иштирокчиёни он чораҳои баланд бардоштани самаронокии фаъолияти мақомоти ИДМ, дурнамои таъсиси минтақаи савдои озод бо назардошти инкишофи равандҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон, барномаи байнидавлатии муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, масъалаи таъсиси шӯъбаи маркази зиддитеррористии давлатҳои ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, барномаи такомули ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарҳад ва ғайраро муҳокима карданд.

Дар баррасии тамоми масъалаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолона иштирок намуд.

Худи ҳамин рӯз Президентҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон Қирғизистон ва Россия дар шаҳри Кишинёв оиннома ва созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520