Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Мулоқоти ҳафтуми сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО)

14.10.2002 16:00, Туркия

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Истамбул дар Мулоқоти ҳафтуми сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) иштирок дошт.

Дар анҷоми нишаст Эъломияи Истамбул қабул карда шуд, ки дар он стратегияи минбаъдаи ҳамкории иқтисодии бисёрҷонибаи кишварҳои узви ЭКО инъикос карда мешавад. Ҳамчунин оид ба гузарондани мулоқоти ояндаи ЭКО дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 2004 қарор қабул карда шуд.

Нимаи дуюми ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқотҳои алоҳида бо сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Туркия ва Эрон масъалаҳои ҳамкориро дар доираи дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520