Нимаи дуюми 25 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Максим Пешковро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима гардиданд.
Тарафи Тоҷикистон нисбати ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони кишвари мо дар каламрави Россия изҳори ташвиш кард. Аз сафир хоҳиш карда шуд, ки ин иттилоотро ба роҳбарияти ФР расонад.