Шоми 3 декабр Эмомалӣ Раҳмон аз Париж ба шаҳри Аглемон рафт, ки дар он ҷо мулоқоти ӯ бо шоҳзода Оғохони чорум доир гардид.
Дар ҷараёни сӯҳбат муколама оид ба ҳолати кунунӣ ва нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони шоҳзодаи Оғохони чорум идома ёфт.