Субҳи 4 декабр мулоқоти расмии якуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони олимақоми Фаронса дар Сенати Парлумони ин кишвар доир гардид.
Дар ҷараёни музокирот зарурати ба роҳ мондани ҳамкории зичи ду кишвар дар маҷмӯи васеи масъалаҳои рӯзмарра таъкид карда шуд. Ҳамчунин мавзӯъҳои ҳамгироии Тоҷикистон ва Фаронса дар доираи эътилофи зиддитеррористии байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Баъд аз ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорати иқтисод, молия ва саноати Фаронса бо вазири савдои хориҷии ин кишвар Франсуа Лос мулоқот дошт. Мусоҳибон бар он ягона буданд, ки дар маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бояд ҷои шоиста ишғол кунад.