7 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Низомномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ, теъдоди кормандони Раёсат ва маблағгузории онро муқаррар намуд.
Вазифаҳои асосии Раёсат, аз ҷумла татбиқи сиёсати давлатии ягона дар соҳаи хизмати давлатӣ, таҳияи пешниҳод оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи фаъолияти хизмати давлатӣ, мониторинги вазъияти кадрҳои хизмати давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад.