2 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Хадамоти марзбонии Федератсияи Россия Константин Тотскийро, ки ба Тоҷикистон барои шиносоии бевосита бо фаъолияти марзбонони рус оид ба ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон омадааст, қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Россия оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва тайёр намудани кадрҳо муҳокима гардиданд.