19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хунбинро қабул намуд.
Президенти Тоҷикистон зикр намуд, ки дар мамлакати мо таҷрибаи Чин оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва маданияти заминдорӣ омӯхта мешавад.