27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар баробари баррасии мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, таваҷчӯҳи асосиро ба масъалаҳои таҳкиму суботи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи марзҳои ҷанубии ИДМ дар қисмати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон равона сохтанд.