ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми ғайринавбатии
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
даъвати чорум
Мутобики моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
02 августи соли 2011
№1122