Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

16.03.2017 10:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзе, ки дар соли 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуданд, робитаҳои самимӣ ва дӯстона доранд.

Дар ин санаи хотирмони 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо, бо қаноатмандӣ мехоҳам ҳамкории наздику созандаи байниҳукуматӣ, ки бар ҳадафҳои муштараки мо дар ростои таъмини сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони мо ва инчунин назари яксони мо нисбат ба масъалаҳои глобалӣ асос ёфтаанд, таъкид намоям. Боварӣ дорам, ки муносибатҳои неки байни кишварҳои мо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Ман ҳамчунин мутмаинам, ки таҳти раҳбарии хирадмандона ва моҳиронаи Шумо ҳамкориҳои Малайзия ва Тоҷикистон беш аз пеш густаришу тавсеа хоҳанд ёфт. Ман омодагии хешро барои ҳамкории наздик бо Шумо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобилан судманди мардумони мо иброз менамоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520