Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар заминаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, кор бо муҳоҷирони Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва оид ба муҳоҷирати меҳнатии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад;
- ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳоро оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бакортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд;
- дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд, сохторҳо ё атташеҳо оид ба муҳоҷират, ки ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати функсионалӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд, таъсис диҳад;
- Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мўҳлати ду моҳ таҳия ва тасдиқ намояд;
- масъалаҳои ташкилию молиявиро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, ҳал намояд;
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд.
2) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархати якуми банди 3 хориҷ карда шавад;
- ба банди 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони зикргардида тасдиқ карда шудааст, сархати ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
21 январи соли 2011
№1014

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520