Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

23.03.2017 09:15, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истиқбол гирифтанд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – собиқадорон, занону ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну руҳияи болида ва фазои шукуҳманди наврузӣ пазирои намуданд.

Гуруҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ, шукргузорию ифтихори хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум намуданд, ки таҷассумгару ифодагари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд шиносои бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ободиву ҷилои тоза, сарсабзию шукуфтанҳо аз файзи соҳибистиқлолии кишвар ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташрифи меҳмони Олиқадр кабои идона ба бар карда, сокинони вилоят бо либоси идона ва шодиву нишот ба кӯчаҳо баромада, аз Пешвои миллат ва ҷашни байналмилалии Наврӯз истиқбол намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон беҳтар гардид. Аҳли ҷомеаи вилояти Суғд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар мегузоранд. Истиқболи самимии сокинони вилоят нишон аз пуштибонии комили сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520