Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

12.05.2001 14:00, шаҳри Душанбе

12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расонид.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳои замин", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи эҳтиёт аз сӯхтор", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ин зумра шомиланд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2001 қабул ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни конститутсионии мазкур аз 7 боб ва 38 модда иборат буда, тартиби ташкил ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Муқаррароти алоҳидаи Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор, ҳайат, мӯҳлати фаъолият ва истеъфои он, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, буҷет, молия, пул, қарз ва андоз, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, истифодабарии табиат ва ҳифзи муҳити зист, таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалиро муайян намудаанд. Ҳамчунин дар ин Қонуни конститутсионӣ тартиби ташкили фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибати он бо Маҷлиси Олӣ, мақомоти судӣ, ҳокимияти маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзим гардида, тартиб ва шартҳои таъмини фаъолияти он муқаррар карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520