Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

17.07.2001 12:00, шаҳри Хоруғ

17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳангоми ташриф ба осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоятии ба номи Қирғизбек Хушқадамов, дар кӯча бо аҳолӣ, ки ба истиқболи ӯ ҷамъ омада буданд, вохӯрии ғайрирасмӣ доир намуд. Сӯҳбат дар атрофи вазъи имрӯзаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят, мушкилоти зиндагӣ, роҳҳои бартараф кардани онҳо, дурнамои рушди иқтисодии минтақа ва нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани онҳо сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо экспонатҳои осорхона шинос гардида, дар бобати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоҳизаҳояшро баён намуд. Бо супориши Сарвари давлат қарор қабул гардид, ки барои тармими осорхонаи вилоятии ба номи Қирғизбек Хушқадамов 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520