17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Ҳукумати ВМКБ бо иштироки фаъолон ва роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо машварати корӣ гузаронд.
Дар машварат баъзе душвориҳо, камбудию норасоиҳо, рафти иҷрои фармонҳо ва дастурҳои Президенти ҷумҳурӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил намуда, изҳор кард, ки дар давраи ҳозира имконияти тақвият бахшидани нақш ва саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи вилоят мавҷуд аст. Зимни суханрониаш аз фаъолияти ғайриқаноатбахш дар бобати таъмини амнияти иқтисодӣ, риояи қонунҳо, тартибот, пешгирӣ ва қатъ намудани харидуфурӯши маводи нашъаовар, ҳодисаҳои ба яғмо рафтани сангҳои қиматбаҳо изҳори ташвиш намуд. Дар хотима Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи иштирокчиёни маҷлисро ба нақшаҳои имрӯза ва дурнамои тараққиёти иқтисодӣ ва ташаккули маънавию фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷалб намуд.