20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷараёни тайёрӣ ба ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Бохтар оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, бо ҷараёни кор дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов шинос шуд. Сарвари давлат дар агроучасткаи ба номи Муродалӣ Маҳмадшоев ба ҷараёни гул кардани пахта ва ҳосилнокии он мароқ зоҳир намуд.
Сарвари давлат зимни мулоқот бо заҳматкашони хоҷагӣ баробари масъалаҳои кишоварзӣ ба мушкилоти таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ, шароити кории деҳқонон таваҷҷӯҳ кард.