25 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари ҷавобии расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус омад.
26 июл дар даромадгоҳи бинои Қасри сардори давлати Беларус маросими расмии пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид.
26 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко дар Қасри Сардори давлати Беларус мулоқоти "як ба як" анҷом дод.
26 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пояи муҷассамаи "Ғалаба" дар "Майдони Ғалаба"-и шаҳри Минск гулчанбар гузошт.
26 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Владимир Ермошин ва Раиси палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Владимир Попов мулоқот кард ва аз муассисаи Ҷамъияти саҳҳомии "Атлант" - заводи яхдонсозии Минск дидор ба амал овард.