Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо мухбири "Независимая газета"

27.10.2001 17:00, шаҳри Душанбе

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳиба бо мухбири "Независимая газета" андешаҳояшро дар бораи ҳифзи сулҳу амонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳимояи он аз терроризми байналхалқӣ баён кард:

"Аввалан, ин амалиётро амалиёти зиддитеррористии танҳо ИМА номидан мумкин нест, ҳарчанд ки дар он маҳз ин давлат мақоми асосӣ дорад. Ба ёдрас кардани шаклҳои гуногуни ҳамкории мамлакатҳои дигар дар бобати иштирок ва ё мусоидат ба амалиёти гузаронидашаванда зарурат нест. Ман танҳо барои он амалиёти гузарондашаванда мегӯям, ки вазифаи амалиёти зиддитеррористӣ, ба ақидаи ман, фавқуллода мураккаб аст ва танҳо аз дастгир кардану ҷазо додани гунаҳкорони фоҷиаи 1-уми сентябр иборат нест. Амнияти ҷаҳон фақат бо роҳи бомбаборон намудани лагеру пойгоҳҳои террористону толибон таъмин нахоҳад шуд", зикр намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар сурати истиқрори сулҳ дар Афғонистон он бояд марҳилаи интиқолиро гузарад. Вале дар ин марҳила истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон ва интиқоли он тавассути Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон коҳиш меёбад, хавфи ноустувор гардидани вазъи минтақаи мо кам мешавад, барои рушду иқтисодиёти Тоҷикистон бо роҳи вуруди маблағҳои хориҷиён имкониятҳои бештар муҳайё мегардад. Бо мурури замон барои раҳнамун сохтани мамлакат ба маҷрои инқилоби муосири технологӣ дар асоси истифодаи захираҳои бойи табиии мамлакат заминаи воқеӣ гузошта хоҳад шуд.

"Оромию тинҷии давлат ва ҷамъият ба шароити берунию дохилӣ, пеш аз ҳама, ба рафъи буҳрони Афғонистон, ки бартараф кардани он Тоҷикистонро аз сели воридшавандаи маводи нашъаовар, таҳдидҳои доимии ноустувор сохтани вазъияти кишвар, ки аз ҷануб бармеоянд, раҳо сохта, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мо шароити мусоид фароҳам меорад", омадааст дар мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520