Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

31.03.2017 15:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Шариф Файз бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Муҳаммадзода Маъруф - раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шуд.

Набизода Наим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод ва Иноятзода Баҳром - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520